Дар хабар омадааст, ки ин сафар бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад. Ҷузъиёт ва мавзӯи дидору гуфтугӯҳои ду вазир нашр намешавад, вале дар хабари расмии вазорат таъкид шудааст, ки “дар ҷараёни сафар мулоқоти баландпоя дар сатҳи боло бо мақсади баррасии масоили доғи дуҷониба дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст”.
Дар бораи сафари дипломати калони кишвари ҳамсоя ба Радиои Озодӣ дар ВКХ Тоҷикистон ҳам хабар доданд.
Дар ҳоле, ки ҷузъиёти барномаи дидору гуфтугӯҳо нашр намешавад, тахмин меравад, ки мавзӯи меҳварӣ ҷараёни таъин ва аломатгузории марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад буд. Ахиран ҳам мақомоти Қирғизистон ва Туркия гуфтанд, ки ду кишвар ба эҳтимоли зиёд моҳи марти соли ҷорӣ дар баҳсҳои марзӣ нуқта гузошта, созишномаро ниҳоӣ мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ пешбинӣ ё дурнамои худро дар ин замина баён накардааст.
Баъди як муддат сардиву танаффус дар музокираҳо, моҳҳои охир якбора ҷараёни гуфтугӯҳои мақомоти ду кишвар оид ба марз вусъат пайдо кард ва ҳар моҳ як ё ду бор ҳайатҳое ба раҳбарии сарварони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон – Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар бораи баргузории музокирот ва дастёбӣ ба мувофиқаҳое дар таъини мақоми қитъаҳои баҳсии марз хабарҳо нашр мекунанд.
Дар аввали моҳи декабри соли 2023 роҳбарони кумисюнҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтанд, беш аз 90 дарсади хати сарҳад мувофиқа шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.
Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Беш аз 38 км. Душанбе ва Бишкек як санади дигар имзо кардаанд"Ҷонибдори ҳалли баҳс ҳастем." Сафир созишномаи марзиро шарҳ дод. ВИДЕОСафири Туркия дар бораи марзи Тоҷикистон гуфт Вазири Туркия аз созиши марзии Тоҷикистону Қирғизистон хабар додТоҷикистону Қирғизистон ба ҳалли баҳси марзӣ "наздик" шудаанд