Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 38 км. Душанбе ва Бишкек як санади дигар имзо кардаанд


Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини 38,35 километри дигари сарҳад ба созиш расидаанд. Вале дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки шарти созиш чист ва кадом минтақаҳоро дар бар мегирад. Бахше аз сарҳади ду кишвар номуайяну ҷанҷолист ва тарафҳо барои соҳибӣ ба он талош доштанд.

Мақомоти Тоҷикистон бе пешниҳоди тафсилот дар эъломияе гуфтанд, ки созиши нав дар нишасти Бодканд ба даст омад. Нишаст аз 10 то 15-уми январи имсол баргузор шуд.

"Ҷонибҳо корро дар бораи тавсифи минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд," – гуфта шудааст дар эъломия. Нишасти ояндаи ҳайатҳо дар қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Мардуми ду сӯи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ҷангу муноқиша кардаанд. Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рӯй дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Роҳбарони кумисюнҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар аввали моҳи декабри соли 2023 гуфтанд, ки зиёда аз 90 дарсади хати сарҳад мувофиқа шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Туркия рӯзи 10-уми январ дар Душанбе хабар дод, ки созишномаи ниҳоӣ дар бораи марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи марти имсол имзо мешавад.

Мансабдорони Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯянд ва санаи мушаххасеро ҳам барои поёни баҳси сарҳадӣ эълон накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG