Кореяи Ҷанубӣ Австралияро шикаст дод ва ба нимфинали Ҷоми Осиё баромад

Рӯзи 2 феврал дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба нимфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Бозии дуюми даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Австралия ва Ҷумҳурии Корея шаби ҷумъаи 2-юми феврал дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраҳ баргузор шуд.

Дар ин бозии сахту ҷолиб, ки 120 дақиқа идома кард, ҳисобро Крейг Гудвин, бозигари мунтахаби Австралия, кушод. Вай дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 42-юм, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик, ба самар расонд.

Ҳванг Ҳи-Чан, бозигари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 90+6, тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонда, ҳисобро баробар кард – 1:1.

Ғолиб дар 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) муайян шуд. Тӯбро Сон Ҳин Мин, бозигари кореягиҳо, аз зарбаи ҷаримавӣ, аз назди хатти ҷаримагоҳ, дар дақиқаи 104-ум ба самар расонд.

Бозигари мунтахаби Австралия Эйдин O'Нилл, ки муқобили рақибаш хатарнок бозӣ кард, дар дақиқаи 105+4 аз майдон хориҷ шуд. Ҳайати мунтахаби Австралия то охири бозӣ даҳ нафар буд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки таҳти роҳбарии Юрген Клинсманни 59-солаи олмонӣ, муқобили Австралия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, ба нимфинал баромад ва рӯзи 6-уми феврал дар даври ниманиҳоӣ бо тими миллии Урдун рақобат мекунад.

Вале мунтахаби Австралия бо роҳбарии сармураббӣ Грэм Арнолди 60-солаи австралиягӣ аз ҳаққи иштирок дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳрум шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии аввалини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар 2-юми феврал аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи иштирок дар нимфинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гашт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар аввалин иштироки худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё то ба чорякфинал баромад, дар байни ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқот дар Қатар ҷойгир шуд.

Ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи шанбеи 3-юми феврал байни тимҳои миллии Эрону Ҷопон ва Қатару Узбекистон доир мегардад.

ҶОМИ ОСИЁ-2023

1/4 ФИНАЛ

2-юми феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун – 0:1

Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 66 – ба дарвозаи худ (0:1).

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 29, Алиҷони Айнӣ, 82).

Корти зард: Салим Ал-Аҷалин, 68, Раҷаъ Ал-Айид, 72, Алӣ Олван, 83 – Урдун, Алишер Шукуров, 79 – Тоҷикистон.

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 35 530 тамошобин.

Австралия – Ҷумҳурии Корея – 1:2

Голҳо: Крейг Гудвин, 42 (1:0), Ҳванг Ҳи-Чан, 90+6 – аз пеналти (1:1), Сон Ҳин Мин, 104 (1:2).

Корти зард: Ҳарри Суттар, 45+1 (Австралия), Ким Мин-Ҷае, 90+1, (Кореяи Ҷанубӣ)

Корти сурх: Эйден O'Нилл, 105+4 – Австралия.

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

3-юми феврал (шанбе)

Эрон - Ҷопон. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

Қатар - Узбекистон. 20:30

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

НИМФИНАЛ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

Урдун – Кореяи Ҷанубӣ

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

Эрон/Ҷопон –

Қатар/Узбекистон

ФИНАЛ

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Петар Шегрт гуфт, “ба Тоҷикистон бо ифтихор бармегардем”. Вокунишҳо ба бозӣМунтахаби Тоҷикистон аз Урдун шикаст хӯрд ва аз нимфинали Ҷоми Осиё маҳрум шудПирӯзии Эрон ба Сурия. Ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ дар Ҷоми ОсиёҶоми Осиё: Мунтахаби Ҷопон - дар чорякфинал