Петар Шегрт гуфт, “ба Тоҷикистон бо ифтихор бармегардем”. Вокунишҳо ба бозӣ

Акс аз нишасти матбуотии 12 январ

Мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ӯ интизори натиҷаҳои беҳтар буд, вале ҳунарнамоии куллии футболбозони тоҷик қобили таҳсин аст.

Мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Петар Шегрт баъди мағлубияти тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиёӣ дар Қатар шоми 2 феврал гуфт, “ҳеҷ касе интизор надошт, ки то ин марҳила мерасем”.

Франс 24 аз қавли мураббии тими Тоҷикистон навишт, “ман дар орзуи як чизи бештар аз ин будам, вале мо ҳоло ҳадди худро дидем”.

“Тоҷикистон хона бармегардад, вале мо ба хона бо ифтихор ва сари баланд бармегардем”, гуфт ӯ. “Бозигарон эҳтиром ва истиқболи зеборо сазовор ҳастанд”, гуфт Шегрт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи иштирок дар нимфинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гашт. Бисриҳо чунин ранг гирифтани корро интизор надоштанд.

Вокунишҳо ба бозӣ

Натиҷаи рақобати имрӯза бисёр мухлисони Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва ҳамчунин дар миёни тамошобинони ин бозӣ дар варзишгоҳи Қатар ғамгин кард. Дар наворҳои видеоие, ки ба дасти Радиои Озодӣ мерасанд, ҳолатҳои гиря ва таассуфи амиқи тамошобинон дида мешавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе дар бораи сабабҳои чунин анҷомидани бозӣ баён мекунанд ва мегӯянд, эҳтимолан "бозигарон хаста шуданд", дигарҳо мегӯянд, "тавон ва қудрати тими Тоҷикистон то ҳамин ҳад буд".

Парвина Ибодова, як ҳаводори футбол аз Душанбе дар вокуниш ба бозӣ ба Радиои Озодӣ навишт:

"Имрӯз мо мағлуб шудем, лек дар умум мунтахаби Тоҷикистон ва ҳаммаи мо бурд кардем. Дар таърихи давлати навбунёди мо ин нишондод хеле баланд аст. Ва ин мусобиқа бояд як такконе шавад барои мусобиқаҳои оянда дар миқёси умумиҷаҳонӣ. Аз тарафи мардуми тоҷик, ҳамсояҳои мо ва бисёр дӯстдорони футбол тамоми эҳсосоту пуштибонӣ пешниҳод шуд, ки ин аз дастгирии пурра ба тими Тоҷикистон дарак медиҳад."

Мутахассиси футболи тоҷик Анваршо Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, "Яке аз сабабҳои асосии бохти мо истифода набурдани варзишгарони захиравӣ буд".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Анваршо Мирзоев: Яке аз сабабҳои асосии бохти мо истифода набурдани варзишгарони захиравӣ буд

Бархе нашрияҳои хориҷӣ ҳам дар бораи бозӣ назари худро навиштаанд.

Нашрияи русии «Советский спорт» таҳлиле бо номи “Афсонаи нотамом. Автогол нагузошт Тоҷикистон рекорди таърихиро бознависӣ кунад” нашр кард. Шореҳ Александр Бойченко навишт: “Ҳарчанд дар яке аз рақобатҳои ҳалкунанда ба сӯи мақсади хеш мағлуб шуданд, бо дили пур мешавад гуфт, ки “шерони форсӣ” ба номи худ содиқ монданд”. “Шерони форсӣ” яке аз унвонҳои ғайрирасмии тими Тоҷикистон шуд, ки дар забони шореҳони варзиш дар рӯзҳои ахир бештар садо медиҳад.

Нашрияи “The straits times” навишт, “Урдун Тоҷикистонро аз орзуи баромадан ба нимафинал маҳрум кард”. Ин вебсайт баъди анҷоми бозӣ навишт, Урдун бо ҳисоби 1:0 Тоҷикистонро, ки дар Ҷоми Осиё навкор (дебютант) аст, мағлуб карда, бори аввал ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.