Фарзанди дигари роҳбари Чеченистон мансаб гирифт

Хадиҷа Қодирова

Хадиҷаи 24-сола, духтари Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон, муовини аввали раиси дастгоҳ ва ҳукумати ин ҷумҳурии зери итоати Русия таъйин шуд.

Дар ин бора худи Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод.

Хадиҷа дар дастгоҳи ҳукумати Чеченистон масъули бахши иҷтимоӣ хоҳад буд. Вай пештар роҳбари департаменти таҳсилоти томактабии шаҳри Грозний буд.

Рамазон Қодиров дар моҳи октябри соли 2023 ба духтараш Хадиҷа унвони фахрии "корманди шоистаи бахши иҷтимоӣ" дод. Ҳамон моҳ ҳамсари Хадиҷа – Адам Алханов, писари вазири пешини корҳои дохилии Чеченистон, вазири тандурустии Чеченистон таъйин шуд.

Хадиҷа шомили таҳримҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон шудааст. Ӯ фарзанди дувуми Қодиров аст. 17-уми январи имсол 24-сола шудааст.

Рамазон Қодиров дар умум 14 фарзанд дорад. Бисёре аз онҳо ба маҳзи хатми мактаби миёна соҳиби мақомҳои баланд дар Чеченистон мешаванд ва бо ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.

Духтари калонии роҳбари Чеченистон Оиша Қодирова моҳи октябри соли 2023 ноиб-сарвазири Чеченистон дар масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин шуд.

Аҳмад - писари калонии Рамазон Қодиров моҳи ноябри соли 2023 муовини аввали вазири варзиш ва сиёсати ҷавонони Чеченистон таъйин гардид.

Моҳи феврали соли 2022 духтари дигари Қодиров - Хутмат - муовини роҳбари котиботи падараш таъйин шуд. Вай соли 2019 мактаби миёнаро хатм карда буд.

Дар Чеченистон ҳамчунин хоҳарон, домодҳо, хоҳарзодаҳо ва дигар пайвандони Қодиров мансабҳои давлатӣ доранд.