Сӯиқасд ё амали террористӣ? Боздошти 8 нафар дар Кӯлоб

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситонӣ таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлобро "амали терорристӣ" номид. Рӯзи 5-уми январ намояндаи ҳизби ҳоким дар Кӯлоб бар асари таркиши мошинаш маҷрӯҳ шуда буд. Додситони Кӯлоб гуфтааст, ки як гурӯҳеро бо иттиҳоми даст доштан дар амали террористӣ боздошт кардаанд.