Акнун дастаҳои Тоҷикистон ва Урдун бегоҳи 2-юми феврал барои баромадан ба даври нимниҳоӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Анваршо Мирзоев, мутахассиси футбол мегӯяд, мунтахаби Тоҷикистон дар рақобат бо тими Урдун шонси 60 ба 40 дорад.
Мирзоев 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “футболбозони мо вақте дар Душанбе бо тими Урдун бозӣ карданд, мо ҳолатҳои голзанӣ зиёд доштем. Мо дастаи Урдунро хуб мешиносем. Бовар дорам, футболбозони Тоҷикистон қасди бозие, ки дуранг шуда будро, аз бозӣ бо Урдун гирифтанӣ мешаванд. Ин бозиҳои финалии қаҳрамонии Осиё аст ва ҳар даста бо тайёрии хуб омадагӣ аст. Дар инҷо шонси мо зиёдтар мешавад.”
Мунтахаби футболи Тоҷикистон 28-уми январ бо шикаст додани тими Имороти Муттаҳидаи Араб дар қатори 8 дастаи беҳтарини Осиё қарор гирифт. Даҳҳо мухлис барои ҳаводорӣ ба Қатар рафтанд ва садҳо каси дигар дар дохили кишвар ин бозиро тамошо карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки мухлисони зиёде шикоят карданд, ба иллати қатъ шудани барқ бозиро то охир дида натавонистанд.
Шаби 28-уми январ мухлисони футбол дар Тоҷикистон хоб надоштанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кард. Бозӣ бо тими Имороти Муттаҳидаи Араб осон набуд. Барои тамошои бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб мухлисон гуруҳ-гуруҳ дар қаҳвахона ва кинотеатрҳои Душанбе ҷамъ шуда буданд. Муҳоҷирони тоҷик дар Англия ҳам барои мухлисии тими мунтахаб дар назди телевизион нишастаанд.
Гуруҳе аз мухлисон бо парвози чартерӣ аз Душанбе ба Қатар рафтанд, то аз тими мунтахаб ҳаводорӣ кунанд.
Қаблан мухлисони футбол аз ширкати "Барқи тоҷик" хостанд, дар вақти бозии мунтахаби Тоҷикистон барқро хомӯш накунад. Аммо ин дархост зоҳиран қабул нашуд ва бархе мухлисон маҷбур шуданд генератор рӯшан кунанд. Онҳое, ки движок надоштанд, аз тамошои беҳтарин лаҳзаҳои бозӣ маҳрум шуданд.
Бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Араб ҷолибу пуршиддат гузашт. Лаҳзаҳои голзанӣ зиёд буд, бахусус барои футболбозони тоҷик. Аммо вақти асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом шуд. Футболбозони тоҷик тавонистанд дар зарбаҳои 11 метри ё пенатли ғолиб шаванд.
Бархе мухлисон футболро як роҳи муттаҳид кардани мардум медонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҳири Назар, коргардони тоҷик, ки барои тамошои рақобати мунтахабҳои Тоҷикистону Иморот ба кинотеатри "Ватан" омада буд мегӯяд, “футбол як ваҳдат аст. Футбол як бозие аст, ки андешаҳои гуногуне, ки дар дигар самт ҳастанд, он мемонад ба ҷойи худ дар нуқтаи худ. Футбол як ваҳдатеро ба вуҷуд меорад, ки метавонад намояндагони бисёр соҳаҳоро гирди ҳам орад, сари як пиёла чой, дастаҷамъона бачаҳои гуруҳи худро дастгирӣ кунем.”
Бархеҳо то ҳаминҷои кор яъне то ба марҳилаи ¼ финал расидани футболбозони тоҷикро дар қаҳрамонии Осиё як афсона медонанд. Вале ин пирӯзӣ интизорӣ ва талабот аз дастаи футболро ба маротиб бештар низ кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дастаи футболи Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтПетар Шегрт: "Дар бозӣ бо Иморот танҳо барои ғалаба мекӯшем"Тоҷикистон дар радабандии FIFA 7 зина боло шудМунтахаби Тоҷикистон Лубнонро шикаст дод ва ба 1/8 финал баромад