"Шаҳрӣ шудед, чорводорӣ накунед. Мо ҳанӯз қишлоқием"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаҳрдории Душанбе аз сокинони деҳоте, ки ду сол пеш ба қаламрави пойтахт шомил шудаанд, хостааст, ки ҳарчӣ зудтар ба чорводорию паррандапарварӣ поён диҳанд. Сокинони ин рустоҳое, ки қаблан аз ноҳияи Рудакӣ буданд, мегӯянд, агар аз ин кор даст кашанд, бе ягон манбаи даромад мемонанд.