Раҳбарияти Эътилофи футболи Қирғизистон истеъфо дод

Медербек Сиддиқов

Президенти Созмони футболи Қирғизистон Медербек Сиддиқов истеъфо дод. Вай истеъфояшро рӯзи 29 январ эълом кард.

Сабаби асосии истеъфои вай бохти тими миллии Қирғизистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар будааст.

"Бо назардошти изҳороти Сиддиқов кумитаи иҷроия низ эҳсоси масъулият карда, тасмим гирифт, ки дастаҷамъона истеъфо диҳад", - омадааст дар хабари Эътилофи футболи Қирғизистон.

Медербек Сиддиқов соли 2021 ба ин мақом интихоб шуда буд.

Федератсияи футболи Қирғизистон соли 1992 ташкил шудааст. Ин федератсия дар соли 2019 ба Эътилофи футболи Қирғизистон табдили ном кард.

Тими мунтахаби Қирғизистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар нахуст ба тими Тайланд бо ҳисоби 2:0 бохт ва баъдтар аз тими Арабистони Саудӣ низ бо ҳамин ҳисоб шикаст хӯрд.