Баъди тағйирот ба Конститутсияи Русия, ки коршиносон аз он интиқод карда буданд, Путин ҳақ дорад, бори панҷум (ва шашум) президент шавад. Вай ба ин курсӣ бори аввал соли 2000 нишаста буд.
Путин ҳамчун номзади хубпешбар вориди интихобот шудааст. Барои сабти ном шудан дар Комисияи марказии интихоботии Русия вай бештар аз 300 ҳазор имзо ҷамъ овардааст.
Дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо қонуншикании зиёде сабт шудааст. Барои намуна, дар шаҳри Санкт-Петербург аъзои комисияи минтақавӣ ба ҷонибдорӣ аз вай имзо ҷамъ овардаанд, ки ин кор аз сӯи қонунгузорӣ қатъиян манъ шудааст.
26 тан аз вакилони пешин ва амалкунандаи маҷлисҳои мухталифи Русия ба Комисияи интихоботӣ шикоят бурданд, ки ба далели қонуншиканиҳо дар ҷараёни ҷамъовари имзоҳо номзадии Путин сабт нашавад.
Ба ҷуз аз Путин се тани дигар ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ сабти ном шудаанд.
Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия аз 15 то 17 марти соли 2024 идома мекунад. Интихоботҳои Русияро коршиносони мустақил ноозод ва ноодилона баҳо медиҳанд.