Дар Истамбул, рӯзи якшанбе ду нафари ниқобпӯш ба калисои католикҳо ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд. Ҳамла ҳангоми ибодат сурат гирифта, як нафар кушта шудааст.
Алӣ Ерликая, вазири корҳои дохилаи Туркия гуфт, ҳодиса дар калисои Санта-Марияи ноҳияи Сариер-Бюкдара рух додааст. Дар бораи нафари кушташуда маълумоте нашр нашудааст. Бино ба гузоришҳо аксари ибодаткунандагони ин калисо итолиёиҳо муқими Истамбул будаанд.
Расонаҳои Туркия хабар доданд, ки дар пайи тирпаронии ҳамлагарон як нафар кушта, чанд каси дигар захмӣ шудааст. Мақомот ҳанӯз ин маълумотро тасдиқ накардаанд.
Ҳоло ҷустуҷӯйи ҳамлагарон идома дорад. Моҳи декабр дар Туркия беш аз 30 нафар бо гумони омодагӣ барои ҳамла ба калисо ва синагогаи насрониҳо боздошт шуданд. Аз онҳо ҷонибдорони гурӯҳи терористии давлати Исломӣ ном бурда буданд.