Фармону қарор дар ин бора рӯзи 27-уми январ нашр шуд.
Тибқи хабари расмӣ, номзадии Умед Каримзода, Сарвар Азимзода ва Ҳабибулло Воҳидзода ба мансабҳои муовини аввал ва муовинони додситони кул пешниҳод шудааст. Онро Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, ки раёсаташро писари президент, Рустами Эмомалӣ, дар ихтиёр дорад, бояд тасдиқ кунад.
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳоло ба ҳайси муовини додситони кул (ҳамзамон додситони ҳарбӣ) муаррифӣ шудааст, то ин дам раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд. Ба ҷойи ӯ муовинаш Зафар Самадро раиси Оҷонсӣ гузоштаанд.
Воҳидзода аз соли 2011 то 2015 низ муовини додситони кул буд. Дар аввали соли 2015, баъд аз танқиди сахти президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният, аз мақом дур карда шуд, вале зуд ба ҳайси додситони вилоят ба Суғд рафту сипас дубора ба Душанбе баргашт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мақомҳои нави се муовини барканоршудаи додситони куллУмед Каримзода, муовини аввали додситони кул, аз моҳи феврали соли 2020 дар мансаби додситони шаҳри Душанбе кор мекард. Дар гузашта додситони ноҳияҳои Вахшу Данғара, Бохтар, Шаҳритус ва Шоҳмансур буд.
Сарвар Азимзода аз соли 2019 дар мансаби додситони шаҳри Панҷакент фаъолият дошт.
Дар бораи Саид Талбакзода, Мирзоамон Рофизода ва Икром Зоирзода, ки аз мақоми муовинони додситони кул озод шудаанд, феълан иттилое дар даст нест. Ҳарсе аз соли 2020 дар ин мақом буданд.
“Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилояти Хатлон, прокурори шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Сино, Кӯшониён таъин гардиданд,” – навишт хабаргузории расмии “Ховар”, вале тафсилот надод.
Пештар як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба ҷойи Абдураҳим Раҳимов, додситони собиқи вилояти Хатлон, генерал Ҷамшед Мирзохонзода таъйин шудааст. Ҷамшед Мирзохонзода то ин вақт сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон ва масъули назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти мубориза бо фасод буд.
Тибқи як қарори ҳукумат, Саиднахш Раҳмонзодаро аз мансаби муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гирифтаанд. Сабаби барканории ӯ “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст. Феълан ба ҷойи ӯ каси дигаре таъйин нашуда.
Дар ҳамин рӯз раисони ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳам барканор ва ба ҷойи онҳо афроди нав таъин шуданд.
Дар ин миён сабаби барканории раиси ноҳияи Дарвоз “расидан ба синни нафақа” ва дигарон “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст, вале мансаби нави онҳо ҳанӯз маълум нест.
Барканор шуданд:
- Саидбурҳон Абдураҳмонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз;
- Ҷумъа Ҷумъазода аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон;
- Фаррух Додихудоев аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон;
- Мусо Мирзозода аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим;
- Аъзам Шомирзозода аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа;
- Илҳом Аҳмадзода аз вазифаи раиси ноҳияи Хуросон.
Таъйин шуданд:
- Умедҷон Носирзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз;
- Илҳом Аҳмадзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон;
- Комил Шоисматуллозода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон;
- Лашкар Сафарзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа;
- Анвар Иматшозода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим.
Сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз тарафи мухолифони ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалӣ танқид мешавад. Дар интиқоди баъзе аз созмонҳо ишора шудааст, ки непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсӣ аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳост.
Ҳарчанд мақомот рад мекунанд, яке аз корбарони Радиои Озодӣ чанд рӯз пеш дар поёни хабари вобаста ба тағйироти кадрӣ навишт, ки “аз вазиру депутату суду прокурор то фаррошро як нафар интихоб ва таъин мекунад, дигар чиро бояд мунтазир шуд?”