"Чизу чораашро гирифту рафт." Барканории додситони шаҳри Кӯлоб

Қутбиддин Достизода ва бинои Додситонии шаҳри Кӯлоб

Додситони шаҳри Кӯлоб, Қутбиддин Достизода, аз вазифааш маҳрум карда шудааст.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Додситонии Хатлон бо тасдиқи хабар рӯзи 25-уми январ гуфтанд, барканории додситонҳои баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоно давом дорад.

Ба гуфтаи онҳо, Достизода рӯзи 24-уми январ аз вазифа ронда шуд.

“Чизу чораашро гирифта, аз Кӯлоб рафт. То ҳол касе ба ҷойи Достизода таъйин нашудааст,” -- гуфт як манбаи огоҳ аз барканориҳо.

Қутбиддин Достизода дар моҳи ноябри соли 2021 додситони шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. То он вақт муовини додситони нақлиёти Тоҷикистон буд.

Рӯзи 19-уми январ президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амният аз кори сардорони ниҳодҳои ҳифзи қонуни вилояти Хатлон сахт танқид кард ва гуфт, ки дастҷамъона аз кор дур карда шаванд.

Се рӯз баъд аз изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, 22-юми январ, додситони нави вилояти Хатлон ва муовинони ӯро муаррифӣ кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷойи Абдураҳим Раҳимов, додситони собиқи вилоят, генерал Ҷамшед Мирзохонзода таъйин шудааст. Ҷамшед Мирзохонзода то ин вақт сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон ва масъули назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти мубориза бо фасод буд.

Ин манбаъ илова кард, ки Муҳаммадризо Халифазода ба ҷойи Раҳмоналӣ Имомзода муовини додситони вилоят таъйин шуд. Халифазода то дар Додситонии кул дар мақоми сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ кор мекард.

Охирҳои моҳи ноябри соли 2023 додситони минтақаи Кӯлоб баъди баҳси тақсими замин аз вазифа ронда шуд. Ҳоло Ҳамзаалӣ Музофиров додситони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таъин шудааст. Музофиров то расидан ба ин мансаб дар Додситонии кул ба ҳайси сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ фаъолият дошт.

Манбаъҳои мо дар вилояти Хатлон гуфтанд, ҳарсе мансабдори навтаъин зодагони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Темурмалик ва ҳарсе аз Додситонии кулли Тоҷикистон ҳастанд.