"Танк"-и Душанберо мекӯчонанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар шаҳри Душанбе кӯчондани ёдгории меъмории "Майдони Ғалаба" ё ба гуфтаи душанбегиҳо, "Танка" аз нишебии маъруф ба "Текстил" ба "Боғи Ғалаба" дар канораи шарқии пойтахт, оғоз ёфтааст. Бино бар қарори ҳукумати шаҳр, дар ҷойи он эстакада ё роҳи сетабақаи мошингард сохта мешавад.