Дар заминларзаи дишаб 44 сокини Алмато осеб дидааст

Мошини Ёрии таъҷилӣ дар Алмато

Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, баъди заминларзаи шаби гузашта дар шаҳри Алмато 44 кас бо ҷароҳатҳои гуногун ба ёрии тиббӣ муроҷиат кардааст.

"Онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳои шаҳр интиқол дода шуданд ва 34 нафарашон одамони калонсол ва боқӣ кудакон буданд. Се тани интиқолёфтаҳо дар беморхона бистарӣ шудааст", - меафзояд манбаъ.

Ҷамъан ба 10 кудак ёрии тиббӣ расонида шудааст. Панҷ нафари онҳо бистарӣ ва боқӣ баъди дарёфти кумаки тиббӣ ҷавоб дода шудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Алмато, шаби гузашта дар марзи Қазоқистон ва Қирғизистон заминларзаи 6,7-дараҷаӣ рух додааст. Шиддати заминларза дар Алмато 4-5 дараҷаро ташкил додааст.