Яке аз дӯстони ин оила аз шаҳри Ростов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Фаёзҷон Савриддинов, ҳамсараш Раъно Савриддинова ва Ғуломҷону Ғуфронҷон ду писари тақрибан 37-38-солаи онҳоро ба Душанбе фиристоданд ва қарор аст, рӯзи 21-уми январ ба Тоҷикистон бирасад.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, азбаски шаб нерӯи барқ дар ҳавлии оила қатъ шудааст, онҳо генератори бензиниро рӯшан карда, дар шаби хобашон аз дуди он заҳролуд шуда, ҷон додаанд. Дар Фейсбук ҳам як корбаре видеои чаҳор тобутро гузошта ва навиштааст, ки “Ҳамин хабар тасдиқ шуд. Акои Фаёзидин ронандаи автобус маҳаллаи Гулистони Исфара 4 нафар 2 писар ва ҳамсарашон угар шуда (заҳролуд шуда) бандагӣ кардаанд.” Дар ин видео як нафар мегӯяд, “Ғуломҷонро бо аҳли оила гусел кардем, дар ҳаққашон дуо кунед.”
Мусоҳиби Радиои Озодӣ аз шаҳри Ростов гуфт, яке аз бародарон, ки ҳоло ҳамсараш дар бемористон аст, фарзанд надошт, вале аз дигарӣ акнун се фарзанд дар Русия ятим мондааст. Дар Русия, ки мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст, солона садҳо нафар дар ҳодисаву тасодуфҳои гуногун ба ҳалокат мерасанд.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон дар бораи вазъи муҳоҷирон ва маргу мири онҳо сӯҳбат кард. Ӯ гуфт: "Ҳар сол аз дигар ҷой аз ҳисоби муҳоҷирон садҳо ва зиёдтар аз он ҷасад меорем. Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандон мераванд. Чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён, фақат фикри, мебахшед, нафси бади худро дорем.” Сухане, ки баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.