Мухолифон аз қатъномаи танқидӣ дар бораи Тоҷикистон истиқбол карданд

Аъзои раёсати Паймони Миллии Тоҷикистон.

Паймони Миллии Тоҷикистон, як эътилофи созмону гуруҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз як қатъномаи Порлумони Аврупо истиқбол кардааст, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон сахт танқид шудааст.

Дар баёнияи расмии Паймони миллӣ, ки рӯзи 20-уми январ нашр шуд, омадааст: “ Дар масоили ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар авлавият қарор додани арзишҳои бунёдӣ мисли ҳуқуқи инсон, озодии баён, фаъолияти озоду мустақили васоити ахбори омма, фаъолияти созмонҳои маданӣ ва адвокатура ҷои таҳсин аст.”

Созмони мазкур гуфтааст, тарафдори талаби вакилони Порлумони Аврупо аст, ки дар қатънома аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Манучеҳр Холиқназаров, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммазода, Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумъаев ва Хуршед Фозилов аз зиндон раҳо кунад. Айни замон ба гуфтаи Паймони Миллии Тоҷикистон, вакилони аврупо набояд, “садҳо дигар маҳбусони сиёсиро, ки ин шабу рӯзҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон зери фишору шиканҷаҳои ҷисмонию равонӣ қарор доранд, сарфи назар кунад.”

Вакилони аврупоӣ рӯзи 18-уми январ бо қабули як қатъномае аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад ва саркӯбу ба зиндон андохтани хабарнигорон ва фаъолони маданиро бас кунад. Порлумони Аврупо ҳамзамон аз ҳукумат даъват кард, ки тибқи аҳдҳои байнулмилалии худ имкон бидиҳад, то матбуот озодона ва бе тарсу ҳарос фаъолият кунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 ин паймонро созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кард, аммо аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.