Сарвазири Ҳолланд рӯзи 19-уми январ гуфт, аз ҳамтои исроилияш, Бенямин Нетаняҳу, хостааст, ки хушунатҳои алайҳи фаластиниёнро коҳиш диҳад.
Марк Рютте ҳамчунин хоҳони хатми даргириҳо дар Навори Ғаззаи муҳосирашуда аст, то ёриҳи бештари башардӯстона ба онҷо бирасад.
Субҳи 19-уми январ хабарҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣ дар Хон Юнуси Ғазза нашр шуд.
Исроил иддао дорад, ки бисёре аз раҳбарони гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар шаҳри Хон Юнус пинҳон шудаанд.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ меноманд.