Теъдоди нозирони БДА-ро дар Тоҷикистон 30% кам карданд. ВИДЕО

Акс аз бойгонист

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон додааст, то теъдоди нозирони роҳ ва ё кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) 30 дар сад кам карда шавад. Шумораи кормандони ниҳоде, ки ронандагон аксаран аз ришваситонӣ ва худсарии онҳо шикоят мекунанд.

Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 19-уми январ нашр шуд.

Интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон бисёр зиёд буд, ки ба кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дасти боз додааст, ки ҳарчӣ хоҳанд мекунанд ва аз ронандагон ҳар вақт хостанд, ришва мегиранд.

Зоҳиран, фармони ихтисор ба дунболи натиҷаҳои аттестатсия ё санҷиши дониши нозирони роҳ содир шудааст, ки моҳи июли соли гузашта оғоз ёфт.

Рустам Мирзомуродзода, сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ эътироф кардааст, ки санҷиш нишон дод, ки дар байни кормандони ин ниҳод ашхоси камсавод ва тасодуфӣ ҳастанд.

Теъдоди кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистонро мақомот эълон намекунанд ва маълум нест, чӣ қадар нозир дар роҳ кам мешавад.

Видео: Назари сокинон ба кори нозирони роҳ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ҳам нозирони БДА гунаҳкоранд, ҳам ронандаи таксиҳо"