Гази моеъро ба Тоҷикистон асосан кӣ меорад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Болову поин рафтани қимати гази моеъ дар Тоҷикистон дар соли гузашта дигарбора баҳсро сари воридкунандагони ин сӯзишворӣ зиёд кард. Теъдоде мегӯянд, азбаски воридоти газ дар дасти афроди наздик ба ҳукумат аст, онҳо ҳар вақт хоҳанд, қиматро боло мебаранд. Аммо мақомот мегӯянд, ки чунин нест.