Беш аз $10 миллион. Маоши духтари Путинро ҳисоб кардаанд

Мария Воронтсова. Акс аз соли 2021

​​​​​​​Маоши Мария Воронтсова, духтари калонии президенти Русия Владимир Путин, дар се соли кораш дар ширкати тиббии “Номеко” (аз 2019 то 2022) 944 миллион рубл ё 10 миллиону 700 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.

Дар ин бора рӯзи 15-уми январ тими раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний дар гузориши таҳқиқотӣ хабар дод.

Тими Навалний гуфт, Воронтсова аз рӯйи ихтисос эндокринолог аст ва аз соли 2019 ҳаммуассис ва узви шӯрои мудирони ширкати “Номеко” аст.

Таҳқиқоти тими Навалний маълум кардааст, ки даромади асосии "Номеко" аз ҳамкорӣ бо ширкати русии “Согаз” ба даст омадааст.

Он қисман ба як шарики наздики Путин – Юрий Ковалчук, яке аз сарватмандтарин сокинони Русия – марбут дониста мешавад.

"Ба иловаи маош дар “Номеко”, Воронтсова ҳар моҳ аз Донишгоҳи давлатии Маскав 1 ҳазору 250 доллар маош мегирад. Вай расман коргари факултаи тиббии донишгоҳ мебошад," – гуфта шудааст дар таҳқиқот.