Сафири Туркия дар бораи марзи Тоҷикистон гуфт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъди 5 рӯзи сафари вазири умури хориҷии Туркия ба Тоҷикистон, сафири ин кишвар дар Душанбе аз натиҷаи он дар ҳузури хабарнигорон суҳбат кард. Дипломати турк сафари Ҳоқон Фиданро ба Душанбе бомуваффақият арзёбӣ карда, ҳамчунин, мавқеи кишварашро ба баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баён дошт.