Ҳомии ҳуқуқи журналистони тоҷик Дилафрӯз Самадова барандаи "Топ-50" шуд

Хоҳарон Дилафрӯз ва Дилрабо Самадоваҳо баъди ҷоизаи "Топ-50". Акс аз саҳифаи фейсбукии Дилафрӯз Самадова

Ҳуқуқшинос ва вакили дифои маъруф Дилафрӯз Самадова яке аз барандаҳои дирӯзаи ҷоизаи “50 хушсалиқа” (ё “Топ 50”) гардид, ки ҳамасола аз ҷониби Радиои “Ватан” барои фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва ҳам саҳмгузорӣ дар рушди кишвар дода мешавад. Дилафрӯз Самадова бо ҳимояташ аз ҳуқуқи хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании боздошт ё ҳабсшуда маъруф аст ва солҳои охир, бо зиёд шудани ҳабсу маҳкумиятҳои фаъолони сиёсӣ, шумори зерҳимояҳои ӯ ҳам афзоиш меёбад.

Дилафрӯз Самадова раҳбарии созмони ҷамъиятии “Ҳимояти ҳуқуқ тибқи қонун”-ро ба ӯҳда дорад.

Дилафрӯз хоҳари вакили дигари маъруфи ҳуқуқи инсон Дилрабо Самадова мебошад, ки бештар дар самти ҳимояти ҳуқуқи сарбозон ва низомиён дар артиш кор мекунад.

“Баъзе ҳомиёни ҳуқуқ, ки ба зиндон мераванд, аз назари бархе дигар нафарон ҳеҷ шансе барои дифоъ ва ҳимоят надоранд, вале Дилафрӯз ҳимояти онҳоро дар шароити зиндон ҳам идома медиҳад”, гуфт Дилрабо Самадова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 13 январ. Ӯ гуфт, дар миёни зерҳимояҳои имрӯзаи ӯ онҳое ҳам зиёданд, ки дар солҳои охир барои фаъолиятҳои маданию сиёсӣ ба ҳабс маҳкум шудаанд.

Худи Дилрабо ҳам соли 2023 барои фаъолияти пурсамари касбиаш дар амри мубориза бо қонуншиканиҳо дар артиш барандаи ҷоизаи хушсалиқаҳои кишвар гардида буд.

Маросими ҷоизасупории Радиои "Ватан" имсол бори 12-ум барпо шуд ва дар миёни барандаҳои имсола, аз ҷумла, Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик ҳам мебошад, ки баъди пирӯзӣ дар тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Русия маъруф гардид.

Ташаббускорони озмун мегӯянд, ҳамасола бар асоси озмуни боз ва бо ширкати сокинони Тоҷикистон панҷоҳ шахси фаъол ва шоистаеро интихоб мекунанд, ки барои рушди соҳаи худ саҳмгузор шуда, бо ин амали худ дар чашми дигарон намунаи ибрат ва шахси хушсалиқае номида шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Афсона Акобиршоева барандаи ҷоизаи ҷасорати журналистӣ шуд. ВИДЕОМӯъмин Қаноат яке аз хушсалиқаҳои пойтахт эълон шуд. АКСРадиои "Ватан" 50 хушсалиқаи пойтахтро эълон кард50 хушсалиқаи Душанбе эълон шуд