Рӯзи 11-уми январ муфаттиши парванда дар додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии парвандаи Акмал Юсуфзодаро ҷамъбаст кардаанд, вале шарҳ надод, ки онро кай ба додгоҳ мефиристанд. Ӯ бидуни шарҳи бештар гӯширо қатъ кард ва дигар ба тамоси мо посух надод.
Ба гуфтаи мақомот, омӯзгори донишгоҳ Исмоил Раҳмонов шаби 12-уми июни соли гузашта дар маҳаллаи "Якум Советский"-и Душанбе рабуда шуд. Мақомот гуфта буданд, ки муттаҳамон ба одамрабоӣ дастони Исмоил Раҳмоновро баста, дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ, ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба гумони рабудани омӯзгор Акмал Юсуфзода, ҳамонвақта сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) ҳамроҳи Исмоилҷон Шукуров боздошт шуданд. Нисбати ҳардуи онҳо ба иттиҳоми одамрабоӣ (моддаи 130, қисми 2, бандҳои “а, в"-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз гардид.
Масъулони додситонии кулл аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд ва намегӯянд, ки дар муддати шаш моҳ чиро дар бораи қазия маълум кардаанд. Радиои Озодӣ моҳи ноябри соли гузашта барои гирифтани посух дар ин бора ба Додситони кул номаи расмӣ ирсол кард, вале ҳеҷ посухе дарёфт накард.
Абдуқаҳор Раҳмонов, падари Исмоил Раҳмонов, рӯзи 11-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талошҳо барои ёфтани писараш аз дарё бенатиҷа буд. “Рӯз то бегоҳ гиря мекунаму Худоро зора мекунам, ки писарам ёфт шавад. Дигар аз дастамон чизе наомад,»-афзуд падари омӯзор.
Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки аз ҷузъиёти парвандаи писараш чизи бештар намедонад ва муфаттиши парванда ба ӯ гуфтааст, писараш дар об пайдо нашуд.
“Лекин ман гуфтам, охир намепурсед, ки дар об нест, дар куҷо аст? Генералҳоро дар тафтиш ба гап меоранд, ин чӣ гап аст, ки як одамро ба гап оварда наметавонед. Куҷо кардааст бачаи маро?”-афзуд, ӯ.
Наздикони омӯзгор баъди талабҳои зиёд моҳи ноябри соли гузашта бо Акмал Юсуфзода дар боздошт вохӯрданд. Вале падари омӯзгор мегӯяд, муттаҳами асосӣ дар рабудани писараш ба саволҳо ҷавоб надод.
Додситонӣ ба ғайр аз эълони онки алайҳи подполковники пешин бо иттиҳоми одамрабоӣ парванда кушодаанд, дигар шарҳе намедиҳад. Баъзе ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар сурати пайдо накардани ҷасад, ғайр аз иттиҳоми одамрабоӣ, масъалаи эълони дигар иттиҳом, ба монанди одамкушӣ мушкил аст.
Далер Қурбонов, вакили мудофеъ, ки таҷрибаи ширкат дар мурофиаҳоро дорад, мегӯяд, “агар ҷасад пайдо нашвад, дар чунин сурат эъломи иттиҳоми дигаре ба мисли куштор нисбати айбдоршаванда мушкил аст. Вале таъкид намуд, ки, дар сурати пайдо намудани далелҳои кофӣ ва мӯътамад чунин имкони ҳам аст, ки барои куштор ҳам нисбати боздотшуда парванда боз шавад.
Ҳодисаи рабудани Исмоил Раҳмонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоеро ба миён гузошта буд. Дар бораи қазияи рабудани ин омӯзгор нахуст Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дода буд.
Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷасади Исмоил Раҳмоновро ҳанӯз наёфтаандКҲФ аз мушкил дар ҷустуҷӯи ҷасади бонкдор ва омӯзгори рабудашуда гуфт. ВИДЕОХуддории мақомот аз ифшои парванда наздикони омӯзгори рабудашударо нигарон кардааст"Омӯзгорро ба дарё партофтаанд." Шарҳи боздошти мансабдори ВКДИсмоил Раҳмонов куҷо шуд? Боздошти полковники ВКДБа Исмоил Раҳмонов чӣ шуд? Боздошти сарҳанги ВКД ба гумони "одамрабоӣ". ВИДЕО