Мақомоти Туркия шаҳрванди Узбекистон Нилуфар Мирхоноваро, ки бо номи "Маликаи фаҳшо" низ маъруф аст, аз ин кишвар рондаанд.
Ӯ ба одамрабоӣ, қочоқи инсон ва маҷбур кардан ба танфурӯшӣ муттаҳам аст.
Дар ин бора консулгарии генералии Узбекистон дар Истанбул хабар дод.
Ин зани 35-соларо дар чаҳорчӯби амалиёти "Қафас 28" дар вилояти Чаноққалъаи Туркия дастгир карданд.
То замони боздошт Мирхонова дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум кардаанд, ки ӯ барои вуруди ғайриқонунии занону духтарони зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба Туркия мусоидат намудааст.
Ҳамаи онҳо бадтар ба танфурӯшӣ водор карда шудаанд.
Ба ӯ дар Узбекистон аз 8 то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.