Арабистони Саудӣ розӣ шудааст, ки имсол тақрибан 7000 аҳолии Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба он кишвар бираванд. Созиш рӯзи 8-уми январ ҳосил шудааст.
Ин шабу рӯз масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ҳастанд. Ҳангоми мулоқоти ҷонибҳо бештар “масоили вобаста ба ҳаҷ ва умра” баррасӣ шудааст.
Ҳар сол каме беш аз 6 ҳазор аҳолии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи дин барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мерафтанд.
Қаблан нархи он барои як нафар беш аз 5 ҳазор доллар муқаррар шуда буд. Арзиши имсолаи он ҳанӯз маълум нест.
Сокинон ҳар дафъа аз монополия ва монеаҳо дар роҳи сафар ба ҳаҷҷи фарзӣ шикоят мекунеанд. Бархе барои адои ҳаҷҷи умра тавассути Русия ва Узбекистон мераванд.