Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар кишвар 5 нафарро барои таҷовуз ва ё озори ҷинсӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.
Дар омори тозаи вазорат, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, ки дар ин муддат фақат як нафар барои таҷовуз ва бақия барои озори ҷинсӣ ва ё маҷбур кардан барои алоқаи ҷинсӣ ва ё бачабозӣ ҷазо гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёде барои маҳви хушунати хонаводагӣ, ҳануз бадрафториву озору азияти занон аз ҷумла озори ҷинсӣ зиёд мушоҳида мешавад.
Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон додааст, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист ва бисёре аз мардон ва худи занон ҳам гуфтаанд, ки “латукӯби зан ҷоиз аст”.