"Пулакист, вале муомила хуб аст, кор буд мешавад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон аз муносибати, ба гуфтаашон, дағал ё нодурусти табибон дар бемористонҳо шикоят доранд. Чанд рӯз пеш раиси ҷумҳурӣ низ дар паёми солонааш аз пизишкон хост, ки одоби баланди муошират дошта бошанд ва бо корафтодаҳо нек рафтор кунанд. Аз чанд роҳгузар дар маркази вилояти Хатлон пурсидем, ки оё аз муносибати пизишкон бо беморону наздикони онҳо розиянд? Ва агар эътирозе доранд, аз чист?