Асадуллоҳ Ашӯров, ронандаи таксӣ, се ҳафта пеш як литр гази моеъро ба 8 сомонӣ мехарид. Мегӯяд, боло рафтани арзиши он дар моҳҳои гузашта даромади ронандаҳоро якбора кам кард. "Ҳоло як литр гази моеъ 6 сомониву 70 дирам аст. Нисбат ба пешина арзонтар," -- гуфт ҳамсуҳбати мо рӯзи дувуми январ.
Сокинон мегӯянд, арзон шудани нархи гази моеъ хабари хуш аст, вале онҳоро бештар рафтору баҳонаҳои ронандагон нороҳат мекунад.
"Вақте газу бензин гарон шуд, роҳкироро аз 5 ба 7 сомонӣ бароварданд. Нархи сӯзишворӣ арзон шуд, вале роҳкиро ҳамон хел монд. Чанде пеш арзиши сӯзишворӣ боз афзуд. Роҳкироро 10 сомонӣ карданд. Ҳозир газ арзон аст, вале роҳкиро ҳамон. Ҳар хел баҳона меоранд,” – гуфт Каримбой Ғаюров, яке аз мусоҳибони мо дар Душанбе.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тақрибан шаш моҳ пеш нархи як литр гази моеъ дар Тоҷикистон 3-4 сомонӣ буд. Сипас якбора боло рафт ва то 8 сомониву 50 дирам расид. Он замон ронандагони таксиҳои ба истилоҳ “7 сомонӣ” дар Душанбе гуфта буданд, ки агар нархи роҳкироро боло набаранд, фоидае нахоҳанд дид.
Рӯзи 2-юми январ чанде аз онҳо дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, ба ҷуз аз сӯзишворӣ харҷҳои дигар низ доранд. Ба мисли харидани қисмҳои эҳтиётӣ. "Барои ҳамаи ин пул зарур аст. Намешавад, ки онҳоро аз ҷайби худат бихарӣ ва бар зарар кор кунӣ," -- гуфт яке аз онҳо.
Сабаби пойин шудани қимати гази моеъро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шарҳ надоданд. Масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки пештар сабаби гаронии онро ба коҳиши воридот рабт медоданд, ҳоло чизе намегӯянд.
Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ, ки вазъи бозорҳои Тоҷикистонро мушоҳида мекунад, мегӯяд, қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳафтаҳои гузашта аз 1 то 3 дар сад коҳиш ёфтааст.
Ҳаргуна тағйирот дар қимати гази маводи сӯхт бахусус гази моеъ ба ҷайби мардуми Тоҷикистон таъсир мерасонад, чун болоравии нархи сӯзишворӣ ба қисмати дигар молу маҳсулот таъсир мерасонад.
Бахши калони гази моеъро ба Тоҷикистон аз Қазоқистон меоранд. 14 ширкат ба ин кор машғуланд. Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли 2023 ба кишвар беш аз 450 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ оварда шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки нақшаи воридоти газро аз Туркманистон доранд. Дар нишасти Кумисюни муштараки ду кишвар дар моҳи ноябри соли 2023 ин масъала баррасӣ шуд, вале дар бораи кадом созише то ҳол хабар нарасидааст.