Бар асоси гузориши нави барномаи озуқаи СММ, ки нархи маҳсулот дар бозорҳои кишварро пайгирӣ мекунад, нархи орд дар аксар бозорҳои кишвар то ду дар сад боло рафта, ҳоло ба ҳисоби миёна як кило орд ба 4 сомону 70 дирам баробар аст.
Нрахи як халта орд аз 230 то 235 сомонӣ аст. Дар маҷмӯъ арзиши орд дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон дар як соли ахир 34 дар сад боло рафтааст.
Бино ба ҳамин гузориш нархи тухм дар як ҳафтаи ахир 9 дар сад, аммо дар қиёс бо моҳи гузашта беш аз 19 дар сад боло рафтааст. Ҳоло ба ҳисоби Барномаи озуқа, 10 дона тухм дар фурӯшгоҳҳои шаҳру манотиқи Тоҷикистон бо нархи 12 сомону 40 дирам фурухта мешавад.
Ба ин тартиб арзиши сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин ва гази моеъ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳафтаи пеш аз 3 то 11 дар сад боло рафтааст.
Як литр бензин 10 сомону 40 дирам ва як литр газ 5 сомону 40 дирам аст. Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш нархи як литр гази моеъ, ки ронандагони тоҷик аз он зиёд истифода мебаранд аз 4 сомонӣ камтар буд.
Сабаби расмии болоравии нархҳо маълум нест. Аммо соҳибкорон як омили гаронтар шудани нархи сӯзишвориро дар гарон шудани он дар давлатҳои содироткунанда ва кам шудани воридот аз хориҷ арзёбӣ мекунанд.
Маъмулан, хеле кам иттифоқ меафтад, ки нархи маҳсулоти гароншуда дар Тоҷикистон дубора ба мисли қабл поён равад.