Қазоқистон "Толибон"-ро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун мекунад

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки номи гуруҳи "Толибон"-ро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ дар он кишвар берун кунанд.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров дар суҳбат бо хабаргузории "Казинформ" гуфт, Остона рӯйхати гуруҳи созмонҳоеро, ки фаъолияташон дар ин кишвар манъ аст, бозбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими берун кардани номи гуруҳи Толибон аз рӯйхати мазкур "дар асоси таҷрибаи СММ сурат мегирад".

"Тибқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад, Толибон ба рӯйхати гуруҳу созмонҳое, ки шӯро террористӣ эълом кардааст, шомил намешавад", - афзудааст Смадияров.

Гуруҳи тундрави "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расид. То кунун ҳеч кишваре ҳукумати онро ба расмият нашинохтааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ риояи ҳуқуқи одамон, бахусус занону духтарон; ҳифзи озодии баён; ташкили ҳукумати фарогир ё ҳамашумул ва пойгоҳ надодан ба гуруҳҳои ифротиву террористиро аз шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон" медонад.