Яке аз калонтарин бозорҳои минтақаи Кӯлоб дубора боз шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бозори "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, яке аз калонтарин бозорҳо дар минтақаи Кӯлоб пас аз танаффуси якмоҳа боз аз мардум пур шуд. Як моҳ пеш хукумати маҳаллӣ бо далели риоя нашудани талаботи беҳдоштӣ (санитарӣ), фаъолияти бозорро қатъ карда буд. Роҳбарияти бозор мегӯяд, ки баъди бартараф кардани камбудҳо, дарҳои бозор дубора боз шуд.