“Мелодӣ” (Мелодия) дар бораи духтари ҷавоне қисса мекунад, ки дар пайи дармони кӯдакони мубталои саратон ба воситаи мусиқӣ аст. Онро рӯзи 25-уми декабри имсол дар Душанбе намоиш доданд.
Филмро коргардони эронӣ Беҳрӯзи Сибт Расулӣ сохта, дар таҳияи он коргардони тоҷик ва мудири телевизиони “Сафина” Носир Саидов саҳм гузоштааст.
"Мелодӣ" филми ҳунарии тамсиливу фалсафӣ ва шоиронаест, ки асосан дар як деҳаи Мозандарони Эрон ва порае аз онро дар Қалъаи Ҳисори Тоҷикистон ба навор гирифтаанд.
Қаҳрамони марказии он духтаре бо номи Мелодӣ аст. Ӯ барои дармони кӯдакони гирифтори саратон дар ҷангал садои паррандаҳои гуногунеро забт мекунаду оҳанг месозад. Ин филм ривояте аз асари тамсилии “Маниқ-ут-тайр”-и Фаридуддини Атторро ҳам дар бар мегирад, ки Мелодӣ забони си мурғро вориди мусиқӣ мекунад.
“Мелодӣ” 85 дақиқа аст ва бо сармоягузории бештари ҷониби Эрон омода шудааст. Телевизиони “Сафина” ҳанӯз тобистони имсол дар як нишасти хабарӣ эълон карда буд, ки филмеро аз сохтаҳои муштарак бо телевизиони “Намо”-и Эрон, барои дарёфти ҷоизаи “Оскар” пешниҳод мекунад.
Сибт Расулӣ дар маросими нахустнамоиш гуфт, достони филм бисёр сахт аст ва аз филмҳои дигар фарқ мекунад. “Мунтаҳо салиқаи ҷашнвораҳо ва салиқаи мардум як миқдоре тағйир карда, аммо мо дар ин замона филмеро сохтем, ки диламон мехост. Филме бо решаҳои асотирӣ”, -- гуфт коргардон.
Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон дар ин филм нақши раиси як деҳаи хаёлии тоҷикиро дар Мозандарон бозидааст. Мегӯяд, сенарияи филм шоирона аст. Ба ҷуз Ҳақдод, ҳамчунин ҳунарпешаи дигари тоҷик Зулфия Содиқова ва гурӯҳи рақсии “Падида” саҳнаҳоеро дар филм иҷро кардаанд.
Раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон дар мавриди пешниҳоди филм мегӯяд, ки кумиссиюни “Оскар” қоидаҳои худро дорад ва шумораи муайяни коршиносон пеш аз пазируфтан филмро арзёбӣ мекунанд. “Кумисюн тасмимашро бигирад, мо пешниҳод мекунем. Аз рӯйи қоидаҳои Оскар филмҳои муштарак метавонанд дар бахши филмҳои хориҷӣ довталаб бошанд,” – афзуд ӯ.
Соҳибёри Толиб, коргардон ва филмсози тоҷик, мегӯяд, ин як филми синамоӣ аст ва ин гуна филмҳо доираи хоси бинандаи худро доранд ва аҳли мутолиа бештар дарк мекунанд.
“Мутаассифона, филмҳои эрониро дар мо кам мебинанд. Бештар ба синамои русиву туркӣ ва ё ҳиндӣ алоқаманд ҳастанд. Таъсире, ки синамои Эрон ба рушди синамои тоҷик гузошта метавонад, мактабҳои синамоии дигар гузоштан наметавонанд,” -- мегӯяд ӯ.
Дар Тоҷикистон таҷрибаи сохтани филмҳои муштарак бо Эрон дар замони истиқлол расм шуда буд. Чанд сол пеш филми коргардони маъруфи эронӣ Муҳсини Махмалбоф бо номи “Ишқҳои Душанбе” сохта шуда буд, ки дар он овозхони саршиноси тоҷик Далер Назаров нақши марказиро бозида буд. Дертар ин филм дар ҷашнвораҳо бо номи “Секс ва фалсафа” муаррифӣ шуд.