Аз соли оянда маоши кормандони идораҳои давлатӣ, низомиён ва стипендия дар Тоҷикистон 40 дарсад хоҳад афзуд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маоши кормандони сохторҳои қудратӣ аз 1-уми январ ва дастмузди дигар кормандони соҳаи буҷетӣ аз 1-уми июли соли 2024 зиёд мешавад.
Нафақа аз 1 июли соли оянда 30 дарсад хоҳад афзуд.
Раиси ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфт, аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати ҳадди ақал дар кишвар 800 сомонӣ муқаррар мешавад. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ аст.
Маош ва нафақа дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои минтақа яке аз пасттаринҳост ва коршиносон инро як сабаби фасод дар идораҳои давлатӣ мегӯянд.