Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокимаи ӯ аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Ашт, аммо дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд хоҳад гузашт.
"Мурофиаи аввал ба 26-уми декабр таъйин шуда буд. Ба сабаби наомадани додситон барпо нагашт. Вакили мудофеъ ҳам даъват шуда буд ва бо шахси зери ҳимояташ мулоқот кард ва аз аҳволи ӯ огоҳ аст," -- гуфт ҳамсуҳбати мо ба шарти фош нашудани номаш.
Аслиддин Шарипов аз соли 2016 дар Русия мезист.
Ӯро моҳи сентябри 2022 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир ва якуми октябри имсол ба кишвар истирдод карданд. Тақрибан ду моҳ дар куҷо ва дар чӣ шароит нигоҳ доштани ӯ маълум набуд. Дертар наздиконаш хабар доданд, ки дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд аст.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ва ҳоло сабаби боздошти Шариповро нагуфтаанд. Ба хулосаи Додситонии Тагилстроев дар Нижний Тагили Русия ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё таблиғи онҳо тавассути Интернет (қисми дуи банди 3073-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) муттаҳам аст. Ба вай аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.
Додситонии Тагилстроев дар хулосааш бо такя ба иддаои ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки Аслиддин Шарипов дар Фейсбук гуё ба ҳимоят аз ҲНИТ ва "Гурӯҳи 24" матлаб нашр мекард ва аз соли 2021 дар ҷустуҷӯ буд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳудуди Русия низ мамнуъст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳабси ӯро бештар ба фаъолияти бародараш Шавкати Муҳаммад пайванд медиҳанд. Вай сардабири барномаҳои "Паём ТВ", як расонаи наздик ба гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст.
Шавкати Муҳаммад низ дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳадафи боздошт ва ҳабси бародараш талоши бастани даҳони ӯст.
Аслиддин Шарипов 36-сола ва соҳиби се фарзанд аст.