СММ аз гаронӣ дар Тоҷикистон гуфт, масъулон аз арзонӣ. ВИДЕО

Яке аз бозорҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Ба гузориши Барномаи озуқаи Созмони Милал, нархи баъзе аз анвои маҳсулот дар остонаи Соли нави мелодӣ дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла, арзиши биринҷу тухми мурғ, пиёзу картошка, сабзӣ ва карам.

Масъулони бозорҳои пойтахт гуфтанд, ки барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо, ба хусус маҳсулоти ниёзи аввал дар остонаи Соли нав талош доранд. "Дар рӯзҳои охир ба бозор маҳсулоти бештар ворид гардид," -- гуфтанд маъмурияти бозори “Меҳргон” дар Душанбе.

Алишер Наимзода, як намояндаи бозори “Меҳргон”, 26-уми декабр гуфт: “Ҳар сол аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ дар пешорӯи соли нави мелодӣ ярмаркаҳо ташкил карда мешавад. Ин аз болоравии нархҳо пешгирӣ мекунад.”

Рӯзи 26-уми декабр нархи як кило гӯшт 70 сомонӣ, биринҷ 15 -30 сомонӣ, пиёз 2,5-3 сомонӣ ва як литр равған 15-20 сомонӣ буд. Дар ярмаркаҳое, ки дар назди бозорҳо ташкил шудааст, нархи маҳсулот нисбатан арзонтар аст, аммо на ҳама харидорон аз сифати онҳо розӣ ҳастанд.

Тоҷирон дар шаҳри Душанбе мегӯянд, бо вуҷуди дар ин рӯзҳо зиёд шудани талабот ба маҳсулот, ба ҷуз аз чанд навъи мева, нарх дигар маҳсулот мисли рӯзҳои пеш мондааст. Аслам Алмосов, тоҷири бозори “Меҳргон”, рӯзи 26-уми декабр гуфт, назар ба соли гузашта нархи себ арзонтар, аммо хурмо, ангур ва анор гаронтар аст.

Боло ё поин рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар остонаи иду ҷашнҳо барои сокинони Тоҷикистон мавзӯи ташвишовар аст. Андаке тағйирот ба ҷайби мардум метавонад таъсир гузорад.

Дар гузашта сокинони Тоҷикистон дар арафаи ҷашну иду маросим аз афзоши нархҳо гила мекарданд. Харидорон тоҷиронро гунаҳкор мекарданд, ки бо истифода аз фурсат нархҳоро ба таври сунъӣ боло мебаранд, тоҷирон дар посух мегуфтанд, агар маҳсулоташонро бо нархи арзон фурӯшанд, зарар мебинанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нархҳои солинавӣ дар бозорҳои Душанбе