Навалнийро дар зиндоне дар минтақаи дури Русия ҷойгир кардаанд

Алексей Навалний

Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русияро дар маҳбаси Харпи ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс ҷойгир кардаанд.

Худаш дар паёме рӯзи 26-уми декабр гуфтааст, ки интиқоли ӯ ба зиндони низомаш махсус дар минтақаи дуру сарди Русия бист рӯз давом кард ва бисёр хастакунанда буд. “Шоми шанбе, 23-юми декабр, маро ба инҷо расонданд,” -- навиштааст ӯ.

Кира Ярмиш, котиби матбуотии Навалний, тасдиқ кард, ки вакили мудофеъ ӯро дар зиндон дид ва “феълан вазъаш хуб аст”.

Пештар Навалний дар муассисаи ислоҳии рақами 6-и вилояти Владимир қарор дошт. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои ҷиноии Русия гуфта буд, ки ӯро рӯзи 11-уми декабр ба зиндони дигар бурданд. Ҳамсафонаш аз он замон дар бораи дар куҷо ва дар чӣ шароит қарор доштани раҳбари мухолифони Русия чизе намедонистанд.

Алексей Навалний, мухолифи президенти Русия Владимир Путин, дар моҳи январи соли 2021 дастгир ва зиндонӣ шуд. Моҳи августи соли 2023 ӯро бар асоси парвандаи ташкил ва сармоягузории созмони тундгароёна ба 19 сол зиндон маҳкум карданд.

Навалний худро бегуноҳ медонад ва ҳукми додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ хондааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ӯро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд.