Қонун дар бораи парчами нави Қирғизистон ба иҷро даромад

Қонун дар бораи парчами нави давлатии Қирғизистон 26 декабр расман мавриди иҷро қарор гирифт. Онро президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 22 декабр имзо карда буд.

Матни қонун дар нашрияи "Эркин-Тоо" чоп шудааст.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 20 декабр қонуни мазкурро бидуни муҳокима қабул карда буданд. Раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев ва вакили дигари порлумон Улан Примов аз ташаббускорони ин тарҳ буданд. Онҳо гуфтанд, парчами кунунии Қирғизистон ба офтобпараст шабеҳ аст ва онро бояд ба офтоб монанд кард.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон низ айни ин ҳарфҳоро пештар гуфта буд. Вай афзуд, ки идеяи тағйир додани парчам ба ӯ тааллуқ дорад. Ҷабборов ҳамчунин эътироф карда буд, ки маҳз вай барои тағйир додани ин рамзи давлатӣ ташаббус нишон додааст.

Ташаббуси тағйир додани парчами Қирғизистон вокуниши васеи ҷомеаро дар он кишвар ба бор овард. Шаҳрвандони Қирғизистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ норизоии худро аз ин ташаббус баён мекунанд. Иддае аз шаҳрвандони Қирғизистон аз Ҷабборов хостанд, парчамро тағйир надиҳад.