Эътирози шадиди Узбекистон ба изҳороти Прилепин

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як изҳороти сиёсатмадори Русия Захар Прилепин баҳсбарангез шудааст. Ӯ гуфта, ки қаламрави Узбекистон ва сарзаминҳои дигари муҳоҷирфирист ба ҳайати Русия ҳамроҳ карда шаванд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба ин изҳорот вокуниши сахт нишон дод ва сафири Русияро дар Тошканд ба суҳбат даъват кард.