Пули ҳар хадамот, чӣ ҳаққи истифодаи барқ бошад ё ҷарима барои риоят накардани қоидаи ҳаракати роҳ, бояд онлайнӣ ё дар бонк супурда шавад. Ҳадаф аз ин навоварӣ чист ва оё ин кор метавонад хӯрдани ҳаққи мардумро аз байн барад?
Ҷарима – аз 680 то 1360 сомонӣ
Ба онҳое, ки дар идораҳои давлатӣ аз сокинон барои пардохтани ҳаққи истифодаи обу барқ ё молиёт (андоз) пули нақд мегиранд, аз 680 то 1360 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.
Вакили порлумон Мансур Усмонзода ҳадафро "шаффофияти амалиёти молиявӣ" номид. Суханони ӯро "Садои мардум", нашрияи расмии Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 14-уми декабр нашр кард.
Тасмими вакилони порлумон Сафарбек Шокиров, сокини як деҳаи дурдасти ноҳияи Вахшро нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, суръати Интернет дар деҳаи онҳо суст аст ва истифодаи замимаи бонкӣ номумкин. "Агар ба шаҳр барои пардохтани пули барқ равем, бештар аз 50 сомонӣ сарфи роҳ хоҳем кард," – гуфт ӯ рӯзи 19-уми декабр.
"То суръату сифати Интернет беҳ нашавад, ин корашон беҳуда аст. Бояд пулро нақд гиранд. Агар қонун ин хел сахтгирӣ кунад, намедонам чӣ кор мекунем," – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Шарҳи масъала дар ин навор:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Тасмим хуб аст, аммо...”
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, супоридани пули барқу андозу ҷарима ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ бо роҳҳои муосир фасоди молиро камтар хоҳад кард. Ба пиндори Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили иқтисодӣ, “тасмим дар умум хуб аст, аммо дар Тоҷикистон шароит барои иҷрои он ҳанӯз фароҳам нашудааст."
"Масалан, дар хонаводаи мо чор моҳ боз мушкилӣ доранд. Ҳатто нозирони барқ намедонистанд, ки барои ҷамъ кардани пул чӣ кор кунанд. Дар ниҳоят, бо як асбобе шабеҳи терминали хурд хона ба хона гашта пули барқро ҷамъ овардаанд. Ин вазъ мушкил эҷод мекунад ва ҳам ба давлат ва ҳам ба мардум зарар мерасонад,” – шарҳ дод ӯ.
Аз моҳи августи имсол сокинон дар Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар идораҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ пул супоранд. Кормандони ниҳодҳои давлатӣ ҳам аз гирифтани пули нақд даст мекашанд.
Назари баъзе аз сокинон:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дигарон чӣ гуна ҳал карданд?
Радиои Озодӣ дар чанд моҳи охир дар бораи душвории пардохти пул бо чунин шева даҳҳо шикоят гирифтааст. Аксаран солмандон мегӯянд, ки тавони таҷрибаи ин усулро надоранд.
Нуриддин Достиев, сокини 60-солаи Кӯлоб, гуфт, “ҳозир ба фикр фурӯ рафтаам, ки чӣ кор кунам. На интернетро мефаҳмам, на истифода бурда метавонам. Писарам ба ғайр аз тамошои видео бо Интернет кор карда наметавонад,” -- гуфт Нуриддин Достиев.
Ӯ пешниҳод дорад, ки бояд барои шахсони солманд пардохтҳои ғайринақдӣ иҷозат дода шавад. Абдуллло Ашӯров, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, гуфт, дар ин кишвар роҳи ҳалли мушкилро пайдо кардаанд:
“Дар Амрико бо пули нақд пардохт карда намешавад, вале бо чекҳои коғазӣ пардохт кардан имкон дорад. Агар дар бонк суратҳисоб дошта бошӣ, бонк бароят чек медиҳад ва суратҳисобро навишта ба он пардохт мекунӣ. Ин пули нақд нест ва онлайнӣ ҳам нест, вале як роҳи сабук аст. Мебинам, ки пиронсолон аз ин роҳ дар инҷо истифода мекунанд.”
"Фасодро бояд дар “боло” аз байн бурд”
Пардохтҳои электронӣ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон як кори одӣ шудааст. Дар Тоҷикистон бори нахуст пардохтҳои ҳатмии давлатӣ бо тарзи нав роҳандозӣ мешавад.
Мунтақидони ҳукумат низ тасмимро ба сурати умум хуб медонанд, аммо мегӯянд, то заминаҳои он фароҳам нашавад ва тақсими буҷет шаффоф сурат нагирад, истифодаи роҳи муосир вазъро беҳ нахоҳад кард.
Шарофиддин Гадоев, яке фаъолони мухолифони ҳукумат, гуфт, шояд ин роҳ фасодро дар сатҳҳои поёнӣ кам кунад, вале пулҳои ҷамъшуда дар сатҳи боло ношаффоф харҷ хоҳанд шуд. “Барои ин, бояд фасодро дар сатҳи боло аз байн бурд. Инро як қадам мубориза бо фасод ном бурдан мумкин аст, вале дар сатҳи поёнии ҳукумат,” – хулоса кард ӯ.