Ҷорӣ шудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ аз моҳи оянда бархе нигарониҳоро дар миёни сокинони бузургсоли кишвар ба бор овардааст.
Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз моҳи август пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар ҳатмӣ мешавад.
Бузургсолон мегӯянд, барои гузаштан ба ин низом аз пеш сокинонро огоҳ накардаанд ва эҳтимол беомодагӣ гузаштан ба шеваи нав сардаргумиҳоро ба бор орад.
Дар низоми нав пули истифодаи обу барқ, андозу ҷарима ва дигар навъи хизматрасониҳо ғайринақдӣ, тариқи корти бонкӣ ё ҳамёни мобилӣ, пардохт мешавад.
Бонкҳои Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки то ин рӯз шароити пардохтҳои ғайринақдиро фароҳам созанд. Дар “Амонатбонк”, бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои иҷрои ин амр таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва насб шудааст. Ҳамчунин, ба иттилои ин манбаъ, муштариёни куллияи бонкҳои Тоҷикистон тавассути ҳамёнҳои электронии насбшуда дар телефонҳои ҳушманди худ метавонанд пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Пардохтҳои электронӣ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Дар Тоҷикистон бори нахуст пардохтҳои ҳатмии давлатӣ бо ин шеваи нав роҳандозӣ мешавад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Талъат Нӯъмонов, роҳбари яке аз марказҳои омӯзиши технологияҳои нави мухобиротиву иттилоотӣ дар Душанбе мегӯяд, набояд якбора пардохтҳои нақдиро низ аз байн бурд. Ӯ гуфт, то як марҳилаи муайян бояд ҳам низоми нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ фаъол бошад. “Нафароне, ки дар деҳот ҳастанд, ин чизҳоро ҳанӯз хуб дарк накардаанд. Барои нафароне, ки дар ин бора хуб огаҳӣ надоранд, ҳатман бояд корҳои иттилоърасонӣ гузаронида шавад. Шояд варақаҳо бояд паҳн кард ё аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ барномаҳои иттилоърасониву омӯзишӣ ташкил кард,”—гуфт ӯ.
Фирӯз Намакшинос, мутахассиси яке аз ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд амалиёт тавассути ин низом барои ҷавонон мушкилоте дар пай надошта бошад ҳам, аммо барои калонсолони тоҷик ин амр саргардониҳоеро ба дунбол дорад:
“Наметавонам бигӯям, ки ин кор осон хоҳад буд. Барои он насле, ки дар хона фарзандону набераҳояшон ҳамроҳ нестанд, дар оғоз ин кори хеле мушкиле мешавад. Онҳо ҳамчунон барои пардохтҳо пушти дари “Амонатбонк” мераванд. Зеро, барои анҷоми пардохтҳои электронӣ аз донишҳои зарурӣ бархурдор нестанд. Мақомотро зарур буд, нахуст барои қишрҳои мухталифи ҷомеа маъракаҳои омӯзишӣ мекарданд,”—гуфт ӯ.
Бархе аз соҳибназарон суръати сусти хадамоти интернетрасониро мушкиле дар роҳи татбиқи низоми нав медонанд. Аммо Муҳаммадӣ Ибодуллоев, мудири Сандуқи ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" мегӯяд, ки барои истифода аз низоми пардохтҳои ғайридавлатӣ ҳаҷми зиёд ва суръати баланди Интернет зарур нест. Зеро, барои ин низоми пардохтҳо доштани миқдори андаки интернети ба истилоҳ “дохилӣ” кифоят мекунад. Вай ҳамчунин ба ин назар аст, ки аз соли 2012 роҳандозии пардохтҳои нафақа барои пиронсолон дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, то андозае қишри осебпазири ҷомеа аллакай наҳваи муомилоти электронии молиро азбар кардааст.
Пурсишҳои сарироҳии Радиои Озодӣ баёнгари он аст, ки бештаре аз пиронсолони Тоҷикистон, бавижа маъюбон ҳамчунон ба умеди кӯмаки ҷавонон дар пардохтҳои электронӣ мебошанд. Аз сӯи дигар, соҳибназарон мегӯянд, гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ амри ногузир аст ва баъд аз марҳилаи пардохтҳои ҳатмии давлатӣ бештаре аз пардохтҳои дигар ва харидҳо дар мағозаҳову хадамоти дигар пурра ғайринақдӣ мешаванд.
Гуфтугӯ