Намояндагони ширкати "Барқи Тоҷик" вуҷуди ҳар гуна душвориро, ки боис ба қатъи оби гарм шудааст, рад карданд. Онҳо бовар доранд, ки "манзили сокинон ба оби гарм таъмин аст".
Хонаи Сиддиқа Холова дар маҳаллаи километри 7-уми Душанбе ҷойгир аст. Мегӯяд, сари вақт пули гармидиҳиро месупоранд, аммо дар манзили сард нишастаанд.
"Дар лӯла об ҳаст, вале ширгам, хонаро гарм намекунад," – гуфт ӯ рӯзи 18-уми декабр. Вай мехоҳад мушкил зудтар ҳал шавад, зеро ба гуфтааш, “дар сардиҳои зимистон бе оби гарм мушкил аст”.
"Муроҷиат кардем, гуфтанд, мардум пулро намесупоранд. Гуфтанд, оби гарм ба андозаи ҳамон пули супурдаи мардум меояд. Хонаро бо таҷҳизоти барқӣ гарм мекунем. Бар илова барқ гарон мешавад," – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Сокинони баъзе аз маҳаллаҳои дигари пойтахт айни чунин мушкилро доштаанд. Мастура Шоева, сокини Душанбе, мегӯяд, “пеш ҳаво гарм буд, хонаҳо гарм буд. Чор рӯз шуд, ки сард аст. 10 дақиқа оби ширгарм меояд. Боз гум мешавад. Маҷбур бухорӣ мондем.”
Ин зан иддао дорад, ки шоҳиди садама дар Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе шудааст, бино бар ин, тахмин мезанад, шояд ҳамин ҳодиса сабаби қатъи оби гарм шудааст. “Дар рӯйи ҳавлӣ будем. Дидам. Фикр кардам, ки садама шудааст, боз дуруст мешавад. Аз ҳамон рӯз дигар оби гарм нест," – афзуд ӯ.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи Тоҷик”, ки марказҳои барқу гармидиҳӣ тобеяш аст, садамаро рад кард, вале ҳамзамон гуфт, ки ин масъаларо дақиқ мекунаду дертар хабар хоҳанд дод. Дар робита ба нигаронии баъзе аз сокинон ӯ афзуд, “ҷараёни гармидиҳӣ ба хонаҳои мардум ягон хел суст нашудааст, ба мисли пешина, аз рӯйи қоида аст”.
Имсол дар миёнаҳои моҳи октябр таъмини оби гарм ба хонаи сокинон сар шуд. Қаблан мақомот хабар дода буданд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон таъмини 3 ҳазору 200 бинову иншоот бо оби гарм дар назар дошта шудааст.
Сокинон дар ин чанд соли охир аз он хушҳол буданд, ки харҷи онҳо барои гарм кардани хонаҳо ва сарфаи барқ камтар шудааст. Ҳоло бархе маҷбуранд ҳам харҷи гармидиҳиро диҳанд ва ҳам барои истифодаи барқи зиёд пули бештар пардозанд.