Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигар илоҷ надорем, бояд бихарем" ВИДЕО


"Дигар илоҷ надорем, бояд бихарем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бо фаро расидани сармо дар Тоҷикистон нархи ангишт афзудааст. Тоҷирон мегӯянд, як тоннаи онро аз конҳо дар муқоиса ба соле пеш 100 сомонӣ гаронтар дастрас мекунанд. Намояндагони Вазорати саноат мавзуъро шарҳ надода, номаи расмӣ талаб карданд.

Ҷамшед Қурбонов, тоҷири ангишт, мегӯяд, ҳарчанд нархи ин навъи сӯзишворӣ афзуд, сафи муштариён кам нашуд.

“Ангиштро аз кони Фоняғноб мехарем. Соли гузашта як 1 тоннаро ба 650 сомонӣ мегирифтем. Имсол ба 750 сомонӣ мехарем ва ба 1200-1350 сомонӣ мефурӯшем," – гуфт ӯ рӯзи 6-уми декабр.

Баъзе аз сокинон мегӯяд, агар дар соли гузашта килои ангиштро бо арзиши 90 дирам ё як сомонӣ мехариданд, имсол арзиши он ба як сомониву 30 дирам расидааст.

"Имкон дорӣ ё надорӣ, бояд бихарӣ. Бе ин намешавад. Дар хона кӯдак ҳаст, худат мефаҳмӣ. Як халта ангишт 15-20 сомонӣ буд. Ҳоло 30-35 сомонист. Ду тонна - се тонна мегирем. Ба тӯли зимистон вобаста аст. Агар кӯтоҳ буд, кам сарф мешавад, агар тӯлонӣ буд, бисёртар," – гуфт Мустафо Шоазизов, сокини маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансур.

Яке аз сабабҳои гаронии нархи ангиштро тоҷир Ҷамшед Қурбонов ба афзоиши нархи сӯзишвории дизелӣ пайванд дод. Мақомот намехоҳанд, дар ин бора гап зананд.

Ҳавои сард ва ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ талаботи мардумро дар рустоҳо ба ангишт бештар кардааст, вале онҳо мегӯянд, гаронӣ монеаи ҷиддист.

“Вақте барқ нест, барои омода кардани хӯрок ҳезуму ангишту газ лозим аст, вале бубинед, ки нархи ҳамааш сол то сол гарон мешавад,” – гуфт Шаҳло, як сокини ноҳияи Шамсуддин Шоҳини вилояти Хатлон.

Нигарониҳо аз гаронии нархи ангишт дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон ангишт содирот мекунад.

Баъд аз онки роҳи соҳибкорони тоҷик барои овардани ангишти Қирғизистон баста шуд, баъзеи онҳо мегӯянд, ангиштро аз тоҷирони узбек мехаранд. Як килои он ҳоло ба 3 сомонию 30 дирам расидааст. Пештар то ду сомонӣ буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 9 моҳи имсол танҳо дар вилояти Суғд каме бештар аз як миллиону 100 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст.

Ба хабари Вазорати саноат ва технологияҳои навин, дар соли гузашта истихроҷи ангишт дар 11 кон наздик ба ду миллиону 400 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон 14 ширкат ба истихроҷи ангишт машғуланд. Даст ёфтани ҳар ширкат ба конҳои ангишт ва истихроҷу фурӯши он осон нест. Дар гузашта нигарониҳо аз шаффофият дар анҷоми тендерҳои вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон борҳо садо додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG