Илҳом Гулбеков, сокини шаҳри Кӯлоб, яке аз онҳост. Ӯ дар соли 2019 ҳамроҳи бародарзодааш ба Русия рафта, дар сохтмоне кор ёфт, вале аз ошёнаи сеюм афтоду ҷоғашро шикаст. Маҷбур шуд, бо манаҳи шикаста ба Тоҷикистон баргардад.
Аз он вақт дар бораи Русия ва муҳоҷирати кории тоҷикон ба онҷо хотираи хуш надорад. Ҳоло дар як хонаи гилӣ дар Кӯлоб ҳамроҳи ду бародараш зиндагӣ мекунад. “Ба Русия рафтем, маъюб шудем, дигар рафтан намефорад. Ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия маъюб шудам,” – гуфт ӯ.
Илҳом 40-сола аст ва падари чаҳор фарзанд. Калонияш дар синфи дувум мехонад, хурдияш ҳанӯз ду сол дорад. Барои нигоҳубини онҳо аробакаширо пеша кардааст, вале ҳар рӯз ба бозор рафта наметавонад. Гоҳе дарди ҷоғ ӯро маҷбур мекунад, ки дар хона истад.
“Баъзе аз рӯзҳо дардаш сахт мешавад. Ба кор рафта наметавонам. Аз ин ҳисоб дандон дард мекунад. Хӯрок хӯрда наметавонам. Баъзан гуруснагӣ ҳам мекашам. Агар ба кор равам, дар як рӯз тахминан 40-50 сомонӣ меёбам," – нақл кард мусоҳиби мо.
Илҳом Гулбеков маъюби гурӯҳи сеюм аст, нафақа мегирад, вале онро барои рӯзгузаронӣ ночиз медонад.
Ба гуфтаи пайвандонаш, муҳоҷирати корӣ ба нафъи Илҳом набуд ва то ҳол ранҷашро мекашад. “Хӯрдани нони муҳоҷират бисёр мушкил аст. Ҳатто дар вагон зистем. Рӯзҳои сахтро гузарондем. Ҳар дафъа ба ёд меораду зиқ мешавад," – гуфт бародарзодааш Хисрав Гулбеков.
Илҳом Гулбеков хоҳони муҳоҷирати саросарии тоҷикон ба Русия нест. Мехоҳад, ки мақомот теъдоди корхонаҳоро дар кишвар бештар кунанд ва ҷойи кории зиёд биофаранд.
Масири асосии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон Русия аст, сипас Қазоқистон, Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс ва Кореяи Ҷанубӣ. Дар солҳои охир муҳоҷирони мавсимӣ ба Бритониё мераванд. Теъдоде ҳам ба Амрико.
Вале муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия чархаи муҳими иқтисоди хонаводаҳо дар кишвар ҳастанд. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки пули онҳо тавоноии молии бештари оилаҳоро дар Тоҷикистон таъмин, ба рушди тиҷорат ва низоми бонкӣ мусоидат мекунад ва мардумро аз фақри шадид наҷот медиҳад.
Дар айни ҳол муҳоҷирони тоҷик дар Русия қишри осебпазиртарин ба шумор мераванд. Бархе ба мисли қаҳрамони гузориши мо, Илҳом Гулбеков, бар асари тасодуф ё сармо бемору маъюб мешаванду иддае дигар дар садама ё ҳамлаҳои қавмгароён ҷон мебозанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад