Мавқеи овозхонҳо ва масъулони баргузории барнома, ширкати “Нордик Энтертеймент”, дар ҳоли ҳозир дастрас нест.
Хабарнигори тоҷики муқими Олмон, Ганҷинаи Ганҷ, мегӯяд, консерт бояд соати шаши 17-уми декабр баргузор мешуд, аммо "дар вақти таъйиншуда сурат нагирифт".
"То лаҳзаи расидан ба маҳалли баргузории консерт дар бораи баргузор нашуданаш ҳеч огоҳӣ нагирифта будем. Танҳо баъди расидан ва навиштани имейл ба мо гуфтанд, ки ба таъхир уфтодааст. Баъзеҳо гуё дар ин бора паёмак гирифтаанд, аммо ба мо чизе нарасида буд. Вақте омадем, гурӯҳе аз ҳаводорон истода буданду дари толор баста. Касе чизе намедонист," -- афзуд хабарнигор.
Ин ҳолат ба нақли ӯ, боис ба саргардонии ҷамъе аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ гардидааст: “Бархе аз роҳи дур ба инҷо омадаанд. Аз Ҳанновер, Франкфурт ва минтақаҳои дигар. Билети бозгашт доштанд. Тамоми нақшаҳои онҳо ба ҳам задааст. Агар барвақт огоҳ мекарданд, қобили дарк буд ва шояд чунин ҳолат пеш намеомад."
Масъулони баргузории консерт дар шабакаҳои иҷтимоӣ паём гузоштаанд, ки барномаи ҳунарии Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед ба таъхир уфтодааст, вале сабаби онро нагуфтаанд.
Дар имейли фиристодаи онҳо ба соҳибони билет ишора шудааст, ки ҳангоми дақиқ шудани рӯзи консерт онҳоро дубора огоҳ хоҳанд кард.
Солҳои охир баъзе аз овозхонҳои тоҷик дар саҳнаҳои кишварҳои хориҷӣ барномаи ҳунарӣ иҷро мекунанд. То кунун чунин барномаҳо дар Амрико, кишварҳои аврупоӣ, Канада ва Австралия гузаштааст. Ҳаводорони онҳо асосан муҳоҷирони афғону тоҷик ва эронӣ ҳастанд.