17 декабр шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ (Сафиева) зодрӯз дорад. 76-солагиашро шоири маҳбуби тоҷик дар хонааш дар Душанбе таҷлил мекунад. Дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ шоми 16 декабр ӯ гуфт, азбаски сармо хӯрдааст, дар хона мемонад.
Вале имсолро чун соли нашри китоби наваш – гулчини ғазали «Китоби дарё» як соли пурбор меномад. Ӯ гуфт, «ин китоб вақти зиёди маро гирифт». Ба гуфтааш, «инҳо ғазалҳои чандинсолаанд, мардум бисёр инҳоро медонанд. Ҷамъ кардем, тахминан 200 ғазал аст. Минбаъд, албатта маҷмӯи нави ғазалҳоро чоп мекунем. Аммо ба ҳамин шаклаш якум бор чоп шуд».
Гулрухсори Сафӣ барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муаллифи даҳҳо маҷмӯаву достонҳост, аз ҷумла «Дунёи дил», «Гаҳвораи сабз», «Оинаи рӯз», «Рӯҳи Бохтар», «Қасидаи кӯҳистон», «Тахти сангин», «Сад оҳи як нафас» (2012) ва дигарҳо аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Гулрухсори Сафӣ: "Ман модари Азиз ҳастам, миллат модари ман" ВИДЕОГулрухсор. "Шоир аз дарди Ватан сар мешавад" ВИДЕОГулрухсор Сафиева дар бораи Наврӯз, интернет ва нархи лола. ВИДЕОГулрухсор: "Ғамгин аз онам, ки мардҳо дар паҳлӯи хонавода нестанд"Шоира Гулрухсор зодрӯз дорад. ВИДЕО