Мақомоти Амрико гуфтаанд, ин ширкати тоҷикистонӣ ба воситаи Имороти Муттаҳидаи Араб ба Русия қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо мерасонад. Мавқеи расмии ширкат феълан дастрас нест.
Хабаргузории “Рейтерс” моҳи августи имсол дар гузорише гуфта буд, ки “Кафолати Комил” ва “Истиқлолият” аз Тоҷикистон ба “Уралские авиалинии”-и Русия дастгоҳи Northrop Grumman дастрас кардаанд. Ин кор дар соли 2022 ва пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои байнулмилалӣ ба зидди Русия сурат гирифта.
Бино ба Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ҶДММ “Кафолати Комил” соли 2018 таъсис шуда, самти фаъолияташ бинокорист. Қароргоҳи ширкат ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нишон дода шудааст.
Радиои Озодӣ дар моҳи майи имсол санадеро дастрас кард, ки Тоҷикистон содироти молу маҳсулотро ба Русия афзудааст ва қисми зиёди онҳо дастгоҳҳои компютерию блокҳо, аккумляторҳои барқӣ, диод, транзистор, микросхема ва ноқилҳо ҳастанд. Аксари ин навъи коло дар гузашта умуман ба Русия содирот нашуда буданд.
Дар маҷмуъ, Амрико рӯзи 12-уми декабр бештар аз 150 шахси воқеӣ ва ҳуқуқиро аз чанд кишвари дунё шомили таҳримҳои нав кард.
Аз Қирғизистон ширкати Weitmann Handeln Allianz ба ин таҳримҳо дохил шудааст. “Weitmann Handeln Allianz ба Русия садҳо дастгоҳи коркарди маълумот ва дастгоҳи ҳифзи иттилоъ содир кардааст,” - хабар дод Вазорати молияи Амрико.
Тобистони соли ҷорӣ низ Иёлоти Муттаҳида нисбат ба чанде аз ширкатҳои Осиёи Марказӣ бо айни ҳамин далелҳо таҳрим ҷорӣ карда буд.
Қаблан мансабдорони Иттиҳоди Аврупо ва Амрико борҳо ҳушдор додаанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мусоидат ба гурези Русия аз таҳримҳо, метавонанд, дучори маҳдудиятҳо гарданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Салимҷон Насриддинов кист ва Амрико ӯро ба чӣ муттаҳам мекунад?