Ҷузъиёти созишҳо ошкор карда намешавад, вале оромӣ дар марз ба тарафҳо бовар медиҳад, ки ду кишвар ба ҳалли мушкил наздик шудаанд. Ин раванд ба зиндагии аҳолии наздисарҳадӣ таъсир кардааст.
“Акнун салом медиҳанд”
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои фаҳмидани мавқеи сокинон ба чанд деҳаи наздимарзӣ рафт. Дар он минтақаҳо ба мисли пешина ҳарбиён ва пулис ба назар намерасанд.
Ин оромӣ умедро ба сулҳи устувор қавитар кардааст, ҳарчанд баъзе аз нигарониҳо дар бораи тарзи таъйини марз ва гузаштҳои эҳтимолӣ боқист.
Сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон мегӯянд, ки ҳар гоҳ дар бораи созиши марзии тарафҳо навид мегиранд, аммо аз ҷузъиёташ хабар надоранд. “Умед дорем, ки оромӣ ва сулҳу субот шавад. Фақат бо сари баланд хидмат карда, дар манзиламон шинем,” – гуфт Амакҷон Сангинов, сокини деҳаи Сомониёни Исфара.
Чанд мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ дар минтақа гуфтанд, ки дар пайи музокироти пайдарпайи мақомоти ду кишвар муомилаи ҳамсояҳо дигар шудааст.
Ба нақли Зебохон Аббосова аз деҳаи Сомониён, “вақте аз кӯчаҳояшон мегузарем, салом медиҳанд. Ин барои мо пешравӣ аст. Чизе, ки солҳои охир гум шуда буд. Мо интизори сулҳ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ҳастем. Аз ҷанг ягон кас баҳра набурдааст.”
Аз Қайроғоч то Лаккон
Бошандагони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ҳар рӯз гӯш ба занганд, ки аз пешрафти гуфтушунид иттилое гиранд. Ба гуфтаи онҳо, умедворанд, ки кори ҳайатҳои ду давлат зудтар ба анҷом расад ва марзҳо боз гарданд. Зеро аз даврони бемории ҳамагирии “Ковид” то ҳол тиҷорати наздимарзӣ аз байн рафта, вазъи иқтисодии мардум бад шудааст.
Аъзам Носиров аз Хистеварз мегӯяд, “одамони мо ба заминҳои онҳо баромада кор мекарданд. Ҳозир роҳ бастааст, баромада наметавонанд. Мол мехариданд, хошок меомад.”
“Онҳо ба бозори мо омада, харид мекарданд. Мо ҳам аз онҳо сӯзишворӣ мегирифтем. Ангишт меоварданд. Бахусус дар фасли зимистон. Ҳозир ангишт нест, аммо гирифта оварда наметавонанд,” – гуфт Пӯлодҷон Бердиев, сокини дигари Хистеварз.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин умедвории сокинони марзӣ ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз созиши бунёдӣ ва усулӣ дар ҳалли мушкил сухан мегӯянд.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон 11-уми декабр гуфт, масъаларо дар баҳори соли 2024 ҳаллу фасл хоҳанд кард. Душанбе ҳеч вақт санаи мушаххасро ба забон наовардааст.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон Қамчибек Тошиев рӯзи 12-уми декабр гуфтанд, ки “беш аз 120 километр” пеш рафтанд ва барои кашидани зиёда аз 90 дарсади хати марз ба мувофиқа расиданд.
“Корҳоро дар минтақаҳои баҳсӣ қариб ба охир расондем. Чанд қитъа мондааст, Худо хоҳад, тамом мекунем. Аз Қайроғоч, Кулунду, Мақсат, Арқа, Арқа-1, Арқа-2 то Жийделик,” – гуфт Қамчибек Тошиев. Вай ҳамзамон афзуд, дар мавриди Қаробоғ (Қирғизистон) ва Лаккон (Тоҷикистон) ба созиш расидаанд, аммо ҷузъиёт надод.
Набудани тафсилот тахминҳоеро ба миён меорад.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, “дар ҳар сурат, ҷонибҳо пеш аз ҳама ба мувофиқа омадаанд, ки аз кадом нуқтаи назар амал кунанд. Яъне, як нуқтаеро ёфтаанд, ки аз ҳамон ҳарду ҷониб яксон муносибат кунанд. Ман гумон мекунам, ки аз даъвоҳо ҳарду ҷониб даст кашидаанд. Ҳарду ҷониб хеле хуб дарк намудаанд, ки даъво ин як кӯчаи бе сару нӯг аст.”
Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километр сарҳад доранд ва беш аз шашсад километри он маълум аст. Баҳсу суҳбатҳои ду тараф барои созиш ва сипас тасвиру таъйин ва нишонагузории қитъаҳои баҳсӣ ҷараён дорад.
Марзи ин шабу рӯз ороми Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 2021 ва 2022 шоҳиди задухӯрди мусаллаҳона буд. Бар асари он аз ду тараф даҳҳо нафар ҷон бохта, даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд. Ҳоло сокинон мегӯянд, аз оромии ҳоким дар марз лаззат мебаранд, вале дар айни замон мехоҳанд, ки ҳангоми кашидани хати сарҳад мақомот онҳоро низ дар ҷараён гузоранд.