ИМА қатъномаи оташбас дар Ғаззаро вето кард

Амрико қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳидро дар бораи оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза вето кард.

Дар овоздиҳӣ барои қабули пешнависи қатънома аз 15 узви Шӯрои Амнияти СММ 13 кишвар, аз ҷумла ҷумла Русия ба тарафдори аз ин санад овоз дода, Британия худдорӣ кард.

Пешнависи қатънома, ки дархости оташбаси инсондӯстона дар Ғаззаро мекунад, аз ҷониби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Роберт Вуд, фиристодаи вижаи Амрико барои СММ ин қатъномаро “номутаносиб ва аз воқеият дур” хонда, гуфт, қатънома таъсири мусбат нахоҳад дошт. Ба таъкиди Вуд, ҳаммуаллифони санад зидди ворид кардани маҳкумияти ҳамлаи гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил ва ҳамдардӣ ба қурбониёни ин ҳодиса шудаанд.

Намояндаи Фаластиниҳо дар СММ Риёд Мансур Амрикоро ба истифода аз “меъёрҳои дугона” айбдор намуда, изҳор дошт, ки ветои Амрико “ба низомиён барои содир кардани ҷиноятҳои нави ҷангӣ имкони бештар медиҳад.”

Ба иттилои Вазорати тандурустии навори Ғазза, ки зери ҳимояти ҲАМОС аст, дар ин ҷанг беш аз 17 000 фаластинӣ кушта шудааст.

Аз ин пеш Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар як иқдоми бесобиқа барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза, моддаи 99-и фармон ё маншури ҷаҳонии СММ-ро фаъол кард. Ин амалкарди ӯ хашми Исроилро барангехт.

Моддаи 99-и маншури ҷаҳонии СММ ба дабири кулли ин созмон иҷоза медиҳад, ки дар ҳолати ба хатар рӯбарӯ будани "амният ва сулҳи ҷаҳонӣ" аъзои Шӯрои Амниятро ба ҷаласаи фаврӣ даъват кунад.