“Ҳундай Аванта”, “Соната”, “Портер”...
Истгоҳи муваққатии вобаста ба Идораи гумрук дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ин шабу рӯз аз худравҳои “куҳна”-и хориҷӣ пур аст. Мошинҳои аз хориҷа овардаи соҳибкор Исмоилҷон Норматов ҳам дар онҷост.
Ӯ рӯзи ҳафтуми декабр гуфт: “12 мошини ман дар истгоҳ хобидааст. Навъҳои “Ҳундай-Аванта”, “Соната”, “Портер” ва ба ҳамин монанд. Истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ. Ҳамаи инҳо тақрибан як моҳ ва баъзеашон бист рӯз боз истодаанд. Агар мошинҳоямон банд монад, бепул мемонем ва дигар кор карда наметавонем.”
Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҳудуди Тоҷикистон овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 манъ аст. Мақомот мақсади асосиро “ҳифзи ҳаёту саломати одамон ва ҳифзи муҳити зист” меноманд.
Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, мошинҳоро барвақт харида, ният доштанд, то иҷрои қарор ба Тоҷикистон ворид кунанд, вале ба сабаби чанд мушкил дар роҳ фурсатро аз даст доданд. Ҳоло шаш мошини Меҳроб Мирзоев дар истгоҳи “Кӯҳна” истодааст ва, ба гуфтаи ӯ, “ду контейнери диагр ҳанӯз дар роҳ аст”.
“Ҳамааш аз роҳ вобаста аст. Масалан, дар Корея тундбод мешавад ва ҳаракати мошинҳо чанд ҳафта ба қафо мемонад. Аз ҳисоби ҳамин дар вақти муайяншуда расида наомад,” – гуфт ӯ.
Исмоилҷон Норматов ба айни мушкил ишора кард: “Мошинҳои харидаи ман дар моҳҳои июн-июл ба роҳ баромада буданд. Сабаби дер кардан аз ҳисоби роҳ аст. Баъзе аз мошинҳо дар роҳ як моҳ меистанд. Масалан, дар Эрон, дар гузаргоҳҳо."
Посухи мақомот
25 мошини Ҳусниддин Қобилов ҳам дар таваққуфгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Бӯстон истодааст. Онҳоро на ба пеш ва ба қафо бурда наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, душворӣ бо гуноҳи ширкатҳои мошинкашон пеш омад.
Ҳоло барои ҳар як мошин дар як рӯз аз 5 то 10 сомонӣ пули иҷора таъин гардида, вазъи тоҷиронро душвор кардааст. Ҳусниддин Қобилов мегӯяд, “мехоҳем вазъияти моро ба назар гирифта, мушкилиамонро осон кунанд. Як бори дигар муҳлат диҳанд, ки моламонро ба бозор барорем ва ба корамон давом диҳем”.
Ба таъкиди масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон, баъзе аз тоҷирон бо вуҷуди нашру иҷрои қарор дидаву дониста мошинҳои “кӯҳна”-ро аз хориҷа меоранд.
Раёсати гумрук дар вилояти Суғд дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ вазъро чунин тасвир кард: "То рӯзи 6-уми декабр дар таваққуфгоҳи муваққатии воқеъ дар Бӯстон 1600 нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 ҷамъ шудааст. Баъзе аз соҳибкорон баъд аз мавриди амал баромадани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи ингуна автомобилҳо ҳанӯз ҳам воситаҳои нақлиётро харидорӣ намуда, ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намуда истодаанд.”
Бо ин ҳол, тоҷирон умед доранд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо як имконияти дигар медиҳанд. Зеро ба гуфтаи соҳибкорон, нархи мошинҳо гарон асту қисме аз онҳо бо қарзҳои бонкӣ тиҷорати худравҳоро пеша карда буданд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон ҳеч навъ мошини сабукрав истеҳсол намешавад. Мошинҳоро ба кишвар асосан аз дасти дуюм ва аз Аврупо, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Амрико меоранд. Бино ба хабари Хадамоти гумрук, дар шаш моҳи имсол ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазору 800 мошини сабукрав оварда шудааст.